Рушди роҳрави байналмилалии нақлиётӣ
Душанбе, 03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш дар шаҳри Истамбули Туркия ҷаласаи ёздаҳуми ҳарсолаи Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА корашро анҷом дод.
Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири нақлиёти кишвар Хайрулло Асозода ширкат дошт.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа масоили рушди роҳрави байналмилалии нақлиётии ТРАСЕКА дар давраи раёсати Тоҷикистон дар созмони мазкур, ҷараёни татбиқи стратегияи ТРАСЕКА ҷиҳати рушди роҳрави кишварҳои узви он дар солҳои 2013 — 2015, тадбирҳои оид ба татбиқи Муоҳадаи рушди боркашонии автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА соли 2000- ум барои назорати иҷрои барнома таъсис ёфта, соли 2001 мақомоти иҷроия — Котиботи доимии комиссияро ташкил дод, ки қароргоҳаш дар шаҳри Боку мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






