Рушди туризми дохилӣ-пешниҳоди ҷавонони пойтахт

Февраль 12, 2015 16:08

Душанбе, 12.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, имрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт вохӯрии масъулини кумита бо ҷавонони фаъоли ноҳияи мазкур баргузор шуд. 
Дар мулоқот масъулини кумита нуктаҳои Паёми Президенти кишварро ба ҳозирин шарҳ дода, аз дастовардҳои мардуми тоҷик, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд. 
Ҷавонон низ дар навбати худ аз ғамхории Сарвари Давлат нисбат ба ҷавонон миннадорӣ намуда, барои рушди туризми дохилӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ таклифу пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.
Гуфта мешавад,  чунин вохӯриҳои судманд бо фаъолони минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
 
 

Февраль 12, 2015 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд