Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайлдо Тоирӣ).- Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маҷмаи кишоварзию саноатии Шатурский» шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иҷрои кори доимии мавсимӣ даъват мекунад. Директори генералии ҷамъияти мазкур Анатолий Гуров зимни мулоқот бо роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Асрор Одинаев дар ин бора хабар дод.
Назар ба иттилои котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, ширкати мазкур асосан ба чорводорӣ машғул буда, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт истеҳсол менамояд.
«Мо дар ҳоли ҳозир ба ширдӯшону чорводорон зарурат дорем», — гуфт Анатолий Гуров. Мавсуф зикр намуд, ки ҷамъияти мазкур шаҳрвандони хориҷиро дар асоси Кодекси меҳнати Федератсияи Русия ба кор қабул карда, онҳоро бо манзил ва хӯрок таъмин менамояд. Ба гуфтаи директори ҷамъият, барои кормандони оиладор шароити зарурӣ пешбинӣ гардида, фарзандонашон ба кӯдакистон ва мактаб қабул карда мешаванд. Маоши якмоҳа ба таври миёна бо назардошти ду рӯзи истироҳати ҳафта 30 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Анатолий Гуров ҳамчунин зикр намуд, ки ширкат ба қисман пардохтани маблағи андозҳои кормандон омодааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






