Сӯхтор аз нодуруст истифодабарии ноқили барқӣ
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода), — Сӯхторе, ки дар хонаи истиқоматии шаҳрванди 58-сола, сокини ноҳияи Спитамен Матлуба Хоҷамова 17-уми феврал ба вуқӯъ омад, масоҳати 10 метри мураббаъро фаро гирифт. Зарари расонидашуда 2550 сомониро ташкил дод.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, дар ин рӯз, ҳамчунин дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан сӯхтор ба амал омад, ки масоҳати 80 метри мураббаъро фаро гирифт. Зарари расида 6000 сомониро ташкил дод.
Сабаби сар задани сӯхторҳои мазкур расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар соли 2014 1335 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи онҳо 29 нафар ба ҳалокат расидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






