Сабр асоси пойдорӣ ва бақои оила аст
Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров таҳти унвони «Фарҳанги оиладорӣ» маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ дар мавзӯи «Сабр асоси пойдорӣ ва бақои оила» мутахассиси Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Умеда Хоҷаева ва омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ Мунаввара Мухторова маърӯза намуданд.
Тибқи иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ, Мунаввара Мухторова аз ҷумла гуфт, ки: «Сабре, ки дар дохили оила нишон дода мешавад, на танҳо шахси сабркунанда, балки ҳар як фарди оиларо фаро мегирад ва барои хушбахтии онҳо нигаронида мешавад. Сабр дар оила пеши роҳи хонавайрониро мегирад».
Дар чорабинӣ байни мутахассисон ва донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардида, дастаи ҳунарии ин даргоҳ бо суруду оҳангҳои дилошӯб маҳфилро ҷамбаст намуд.
Ёдовар мешавем, ки 3-юми феврали соли ҷорӣ Фармони Президенти кишвар Э. Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила» ба тасвиб расид, ки мақсади он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






