Сафари беш аз 45 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар моҳи январи соли 2015 45 ҳазору 418 нафар шаҳрванди мамлакат бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуд, ки 6 858 нафараш зан мебошад.
Ба иттилои сардори Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафтуомади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назрулло Бекназаров аксари муҳоҷирони меҳҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, аз ҷумлаи 45 ҳазору 418 нафар, 245 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва боқимонда ба Федератсияи Русия сафар намудаанд.
Ба гуфтаи Назрулло Бекназаров бо фарорасии фасли баҳор бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои сафар ба Федератсияи Русия ва давлатҳои хориҷа омодагӣ мебинанд.
Дар моҳи январ аз Русия ба ватан 39,654 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ баргашт, ки 5,361 нафараш зан аст.
Аз ҷумла, 239 нафар барои вайронкунии қоидаҳои будубош бозпас гардонида шуд, ки аз он 39 нафараш зан аст.
Сабабҳои асосии берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон- ин вайрон намудани қонунҳои будубоши ин кишвар буда, аксар вақт аз тарафи мақомоти Федератсияи Русия санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд аз қаламрави кишвар хориҷ мешаванд. Ба ҳар нафар мутобиқи қарори суд аз се то панҷ сол иҷозаи ворид шудан ба ин кишвар манъ мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






