Сафари Р. Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Душанбе, 18. 02 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари корӣ намуд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, мақсади сафар аз тақвият додани дурнамои ҳамкориҳои судманд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва мубодилаи таҷрибаи кормандон иборат мебошад.
Дар назар аст, ки зимни сафари корӣ вохӯрии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, боздид аз сохторҳои ин ниҳоди бонуфуз ва Донишгоҳи пулиси ин мамлакат баргузор шавад.
Доир гардидани вохӯрии дуҷонибаи роҳбарони олирутбаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар собит месозад, ки дурнамои ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тавсеа ёфта, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мубодилаи иттилоот мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






