Сафари Ш. Ҷононов ба музофоти Балуҷистон
Душанбе, 02.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28-29 январи соли 2015 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов ба шаҳри Кветтаи музофоти Балуҷистони Покистон сафар намуд.
Дар вохӯрӣ бо роҳбарият ва аъзои Палатаи тиҷоратӣ ва саноатии музофоти Балуҷистон доир ба иқтидорҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташвиқ ва ҷалби сармоя, доир ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ бо садорати Донишгоҳи музофоти Балуҷистон оид ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ бо мактабҳои олии Тоҷикистон, мубодилаи таҷрибаҳои илмӣ ва олимону донишҷӯён баррасӣ гардиданд. Ба Сафири Тоҷикистон тарҷумаи асари устод Садриддин Айнӣ «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» бо забони балуҷӣ пешкаш гардид, ки аз ҷониби устодони донишгоҳи мазкур ба чоп расонида шудааст.
29 январ Сафири Тоҷикистон Ш.Ҷононов бо губернатори музофоти Балуҷистони Покистон Муҳаммад Хон Ачакзай ва Вазири аъзами он Абдул Малик Балуҷ мулоқотҳои алоҳида доир кард, ки дар онҳо имкониятҳои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақли бор ва робитаҳои фарҳангӣ муҳокима гардиданд.
Зимни ин сафар вохӯрии Ш.Ҷононов бо тоҷикони бумие, ки дар музофоти Балуҷистони Покистон зиндагонӣ менамоянд, баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






