“Сайри маънӣ”оид ба осори Ҷомӣ
Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бахшида ба 600 солагии Мавлон Абдураҳмони Ҷомӣ нашриёти «Адиб» маҷмӯаи мақолаҳоеро бо номи “Сайри маънӣ” ба нашр расонид.
Тавре ки сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, китоби мазкур бо маблағгузории ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди «Муколамаи Авруосиё» нашр гардида, аз ҷониби адиби тоҷик Абдурауф Муродӣ тартиб дода шудааст.
Он мақолаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — «Мавлоно Ҷомӣ — шоир, олим ва орифи барҷаста», академик Маҳмадулло Лутфуллоев — «Фарзандро тарбият мебояд», муовини саркотиби илмии АИҶТ Мирзо Муллоаҳмад — «Андешаҳои башардӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ», профессор Урватулло Тоиров — «Тавзеҳе ба рисолаҳои адиб», номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода — «Сухан аз «Фарҳанги осори Ҷомӣ»»-ро дар бар мегирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






