Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҷиноят аст
Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти «Камаз» боздошт шуда, мавриди тафтиши гумрукӣ қарор дода шуд.
Назар ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили бордони нақлиёти мазкур ба миқдори 624 қуттӣ меваи хушк, яъне мавизи сиёҳ ба миқдори 17746 кг ва мавизи нимранги ангури калони ишқор кардашуда ба миқдори 550 кг истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар дохили халтаҳои боқимондаи гандум (сабус) пинҳон намуда, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии кишвар бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид шудааст.
«Тафтишот нишон дод, ки молҳои номбаршуда ба шаҳрванд Бахтиёр Нормамадов, сокини 38 солаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ доранд.
Нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 289 қ. 1 КҶ ҶТ барои саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад»,-зикр менамояд сарчашма.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






