Сармоягузорони Олмон дар Тоҷикистон шарик меҷӯянд
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- 17 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид роҳбари Намояндагии иқтисодиёти Олмон дар Осиёи Марказӣ, раиси Иттифоқи иқтисодиёти Олмон дар Қазоқистон Йорг Ҳетч ва муовини доимии мудири шуъбаи ҳамкории иқтисодӣ ва рушди сафорати Ҷумҳурии федералии Олмон Зилку Клёверро ба ҳузур пазируфт.
Назар ба иттилои ПСС ҶТ, намояндагони Олмон ба манзури барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва муҳокимаи дурнамои ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, ҳамчунин ҳамкории байни намояндагони палатаҳо ба Тоҷикистон омадаанд.
Мусоҳибон имконоти татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Зикр шуд, ки ҳамкорӣ бо Олмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Йорг Ҳетч зикр намуд, ки намояндагии иқтисодиёти Олмон дар Осиёи Марказӣ ба барномаҳои марбут ба рушду густариш бахшидани равобити аҳли тиҷорати Олмону Тоҷикистон фаъолона ёрӣ мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






