Се нафар қурбони тарма шуд
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 22 феврали соли ҷорӣ дар километри 156-уми шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд тарма мошини боркаши “ DyLaN ”-ро ба чуқурии 800 метр сарозер намуд, ки дар натиҷа се сокини Хуҷанд — ронанда- Солеҳхӯҷаеви 57-сола ва бародарон Нуралиевҳо — Иноми 40-сола ва Илҳоми 38-сола ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора Ориф Нозимов — сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Дар айни ҳол кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса қарор доранд. То ҳол ҷасадҳо пайдо нашудаанд», — илова намуд манбаъ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






