Семинари бозомўзӣ доир ба рушди ҳукумати электронӣ
Душанбе, 27.02.2015 (АМИТ «Ховар, Назир Назиров). -25-уми феврали соли 2015 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ баргузор шуд, ки мавзӯъҳои он «Нақши мақомоти кадрӣ дар рушди ҳукумати электронӣ» ва «Забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» буда, аз ҷониби сармутахассиси бахши кадрии кумита Нурулло Сайфуллоев гузаронида шуд.
Дар ҷараёни семинар, ки дар шакли рўнамоӣ сурат гирифт, моҳияту вазифаҳои ҳукумати электронӣ бо назардошти санаду меъёрҳои қабулгардида фаҳмонида шуданд.
Ҳамчунин Н. Сайфуллоев доир ба масъалаву қоидаҳои забони коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сухан гуфта, зикр кард, ки забони давлатӣ яке аз муқаддасоти олии кишвар маҳсуб мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






