Семинари омӯзишӣ оид ба интихобот

Февраль 14, 2015 10:56

  Панҷакент, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Дирӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент таҳти раёсати раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Панҷакент, рақами 21 Мӯсохон Азимов оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла ваколати комиссияи интихоботӣ, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, бақайдгирии номзадҳо, тартиби овоздиҳӣ, ташкили нақшаи тақвими интихобот, ҷадвали навбатдорон дар ҳавзаҳои интихоботӣ, ба таври дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, овезаҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба интихоботи дар пеш истода мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.  

Февраль 14, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд