Семинари омӯзишии КМИР
Душанбе, 04.02.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 04 феврали соли 2015 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи нақшаи корӣ семинари омӯзишии навбатиро дар ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Сино №4 бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор намуд.
Инчунин дар чорабинии мазкур раисон, муовинон, котибон ва аъзоёни комиссияҳои ҳавзавӣ ва ноҳивии интихоботии дигар ноҳияҳои ш. Душанбе иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мақсади асосии баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи касбии аъзоёни комиссияҳои поёнии интихоботӣ ба чорабинии муҳими сиёсии дарпешистода ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.
Дар семинари омӯзишӣ доир ба масъалаҳои гуногуни раванди омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода, фаҳмонидани мазмуну мундариҷаи қонунгузории интихоботӣ ва дастурамалҳои аз ҷониби Комиссияи марказӣ ба тавсиб расида, дар назди ҳозирин аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Ҷамшед Ҷамшедов ва роҳбари Дастгоҳи Комиссия Абдуманон Додозода баромад намуданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ амалӣ намуда, барои саривақт ва бо сифати баланд омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланд ба итмом расонидани маъракаи муҳими барӯйхатгирии интихобкунандагон, тайёр намудани биноҳои овоздиҳӣ, дигар таҷҳизоти зарурӣ барои овоздиҳӣ, саривақт дастрас намудани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, паҳн намудани маводҳои интихоботӣ оид ба тартиби иштирок дар интихобот, инчунин тарзи нави овоздиҳӣ барои интихобкунандагон чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ бояд пайваста малакаи касбии худро такмил дода, бо риояи тартиби пешбиникардаи қонунгузории интихобот, кори комиссияҳои поёниро бо низом ба роҳ монда, фаъолияти комиссияҳои интихоботиро ба муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон равона намоянд.
Дар раванди омодагиҳо ба интихобот ҷиҳати ташкил намудани вохӯриҳои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо бо интихобкунандагон бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар фароварди чорабинӣ масъулини КМИР ба саволҳои сершумори иштирокчиёни семинари омӯзишӣ посухҳои мушаххас доданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






