Семинари Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ
Душанбе, 16.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 16 феврали соли 2015 дар меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ кори худро оғоз кард. Семинар бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар чаҳорчӯби семинар гузаронидани мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносон ва намояндагони ширкатҳои туристии ҳар ду кишвар ва муаррифӣ таҳти унвони “Туризм дар Тоҷикистон — имконот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” ба нақша гирифта шудааст.
Семинар ба созмону ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар барқарор намудани робитаҳо бо шарикон дар Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ташаккули маҳсулот дар самти туризм бо назардошти равандҳои замонавии рушди туризми байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Намояндагони Кувайт инчунин бо имкониятҳои марказҳои табобатӣ-тандурустӣ, муассисаҳои соҳибкорию тиҷоратии дорои осоишгоҳ ва тарабхонаҳо, ҷойҳои фароғатию дамгирӣ ва хизматрасониҳо дар Тоҷикистон шинос хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






