Ш. Зуҳуров ба минтақаи Рашт рафт
Душанбе, 16.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба минтақаи Рашт сафар кард.
Ҳадафи сафари Ш. Зуҳуров ба водии Рашт вохӯрию мулоқот бо интихобкунандагон-сокинони ноҳияҳои ин водӣ аст. Бояд тазаккур дод, ки Ш. Зуҳуров дар конфронси Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Рашт №12 ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Ш. Зуҳуров зимни сафари кории худ ба ин минтақа аз ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Тавилдара боздид намуда, бо интихобкунандагон силсилаи вохӯриҳоро анҷом медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки Ш. Зуҳуров дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки соли 2010 доир гардид, аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар зарфи панҷ сол, яъне солҳои 2010 -2015 раисии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






