Шаҳритӯс: Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ
Душанбе, 28.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ноҳияи Шаҳритӯс машварат дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон» доир гардид. Дар он масъулони бахшу шуъбаҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳритӯс, Носири Хусрав, Қубодиён,Ҷиликӯл ва Қумсангир ширкат доштанд.
Махфират Зоирзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гуфт, ки лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» қабул гардидааст.
Иштирокдорони семинар перомуни роҳҳои ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани савияи маърифатнокии мардум дар бобати донистани ҳуқуқҳои хеш дар оилаю оиладорӣ табодули назар карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






