Шанбегӣ дар доираи амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ
Душанбе, 16.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-14-уми феврал дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рӯзи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шанбегӣ доир гардид.
Дар он кормандони Кумита ва намояндагони мактабҳои варзишии мамлакат иштирок карда, атроф ва замини назди кумитаро аз ҳар гуна гулу буттаҳои худрӯй ва бегона тоза намуда, шоху навдаҳои дарахтонро ба тартиб дароварданд.
Масъулин мақсади чунин ҳашарҳои умумиро барои ободии кишвар ва тоза нигоҳ доштани атроф ва муҳити зист муҳим арзёбӣ карда, иброз медоранд, ки ин метавонад дар тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон нақши муҳим гузорад.
Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рӯзи ниҳолшинонӣ аз 1-уми январи соли 2015 оғоз гардида, дар давоми 100 рӯз идома меёбад. Барои татбиқи самараноки он ташкилотҳо ва сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар назди биною майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ниҳолшинониро ба анҷом мерасонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






