“Шерчангол” боз ба хонаи аслиаш бармегардад
Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон сокини 52-солаи ноҳияи Бохтарро бо тахаллуси “Шерчангол”, ки соли 2000 аз рӯи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ ба муҳлати 15 сол маҳкум шуда буд, дастгир намуданд. Ҳангоми дастгир намудан аз ӯ як адад туфангчаи Макарови коршоям бо як тирдон дарёфт гардид.
Маврид ба зикр аст, ки «Шерчангол» баъди аз маҳбасхона озод шудан ба ҷойи шукргузорӣ аз озодӣ, баръакс ҳанӯз ҳам даст ба ҳаракатҳои зиддиқонунӣ мезанад.
Илова бар ин ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ халтаи селофанӣ бо маводи ҳашиш ошкор ва мусодира гардид.
Баъдан кормандони фаврӣ ба ноҳияи Бохтар рафта, дар хонаи дастгиршуда аз дохили бухории барқӣ боз як халта маводи афюн, ки вазни он қариб ним килограммро ташкил медод, ошкор карданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






