Соҳибкорон соҳиби ид шуданд
Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд ҳамасола 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад. Дар иртибот ба ин 25 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд. Пешниҳоди мазкур аз сӯи Ҳукумати мамлакат ба Парлумон ироа гардид.
Мавриди зикр аст, ки 14 соктябри соли 2014 дар Душанбе мулоқоти Президенти кишвар Эмомалаӣ Раҳмон бо соҳибкорони мамлакат баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами марбут ба рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардида, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти рушди соҳибкории кишвар аз ҷониби соҳибкорон ба Президенти мамлакат пешниҳоду дархостҳо ироа гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






