Сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ дар Балҷувон
Балҷувон, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ноҳияи Балҷувон бо мавзеъҳои зебоманзари хеш диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Бештари ин мавзеъҳо дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор мавҷуд мебошад ва кормандони хоҷагии ҷангал барои сайёҳон ҳама шароитҳоро муҳайё менамоянд. Майдони умумии хоҷагии ҷангали Сари Хосор 6 ҳазору 95 гектарро ташкил медиҳад ва кормандони хоҷагӣ ҳамасола барои барқарорсозии чангалзор ва бунёди қитъаҳои нав кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба қавли Исуф Ғоибов, директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Сари Хосор соли 2014 беш аз 30 нафар сайёҳи хориҷӣ ва садҳо нафар сайёҳони дохилӣ дар ин мавзеъ истироҳат карданд. Ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуби истироҳатии сайёҳон барои сохтмони меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқӣ шурӯъ гардидааст ва он дар соли 2015 мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин ноҳия ба рушди туризми байналхалқӣ аҳамияти махсус зоҳир мешавад. Дар айни замон мавҷуд набудани роҳи мошингард то маракази ҷамоати деҳот барои сокинон ва меҳмонон мушкилӣ пеш овардааст, ки ба гуфти масъулин он дар ояндаи наздик ҳалли хешро пайдо хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






