Соли 2014 барои БАБТ соли бобаракат буд
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- 9 феврал ҳайати олимақоми Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа (БАБТ) ҷараёни фаъолияти бонк ва дурнамои иқтисодии онро муҳокима намуд.
Тавре аз намояндагии бонки мазкур хабар доданд, аъзои ҳайат изҳор доштанд, ки ҳаҷми сармоягузории бонк дар Тоҷикистон хеле афзуда, соли 2014 ба 62 миллион евро расид, ки назар ба соли 2013 беш аз 4,5 маротиба зиёд аст.
Дар гузориши ҳарсолаи бонк вазъи раванди гузаштан аз иқтисодиёти фармоишӣ ба иқтисодиёти кушодаи бозаргонӣ дар кишварҳое, ки бонк барои онҳо маблағ ҷудо мекунад, таҳлил карда мешавад.
Мувофиқи пешгӯии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба 6,7 фоизи соли 2014 дар соли 2015 баробари 4,4 фоиз меафзояд, ки сабаби ин коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ва содирот ба ин кишвар мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






