Суғд: баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо
Хуҷанд, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд 28 феврал ярмарка — фурӯши ниҳол ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор хоҳад гашт. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов иттилоъ дод, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба фарорасии фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор, такон бахшидан ба маъракаи сабзазоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 28 феврал дар майдони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка — фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ доир мегардад, ки дар он хоҷагидорону кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғуланд, иштирок хоҳанд кард.
Дар назар аст дар ин рӯз зиёда аз 800 ҳазор ниҳоли ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухмии зироатҳо пешкаши харидорон гардонида шуда, инчунин нуқтаҳои маслиҳатии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироатҳо ташкил хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






