Суғд: Бунёди 170 корхона дар вилоят дар соли 2015

Февраль 2, 2015 15:40

Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Соли 2014 дар маҷмӯъ барои соҳаи саноати минтақаи Суғд бобарор буд», мегӯяд, муовини раиси вилоят Хайрулло Амонулло. Тибқи иттилои Х. Амонулло дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят ба 3,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки 846 млн. сомонӣ нисбат ба соли  2013 зиёд мебошад. Агар дар соли 2013 суръати рушди саноат ба 110,5 дарсад расида бошад, пас соли гузашта ин рақам ба 130,7 фисад баробар шуд. Ҳиссаи вилояти Суғд дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ бештар гардида, ба 35,9 дарсад баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2013 6,8 фоиз зиёд мебошад.
Ин нукта дар машварати корие, ки таҳти раёсати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноат 30 январ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар машварат таъкид гардид, ки баробари пешравиҳо камбудиҳо низ дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба назар мерасанд. Қисме аз корхонаҳо уҳдадории истеҳсолии хешро пурра таъмин карда натавонистанд. Агарчанде ки суръати афзоиш мувофиқи вилоят 130 дарсад таъмин гардидааст, аммо дар бархе шаҳру навоҳӣ пастравии истеҳсолии корхонаҳо аз 8,1 то 29 фоиз ба назар мерасад. 
Аз ҷумла, шаҳру навоҳии Конибодом, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ саҳми худро дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят кам кардаанд. Дар маҷмӯъ, 121 корхона дар шаҳру навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Конибодом, Қайроққум, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов соли 2014 — ро бо ақибмонӣ ҷамъбаст намудаанд, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 124,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардидааст. Шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Конибодом, Спитамен ва Чкалову Ҷаббор Расулов нақшаи бунёди корхонаҳои навро пурра таъмин карда натавонистаанд.
Дар машварат таъкид гардид, ки агар соли гузашта 164 корхонаи нав таъсис ёфта бошад, имсол бунёди 170 корхонаи дигар дар вилоят ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси нақшаву дурнамо соли равон ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят ба 5 миллиард сомонӣ ва дар давоми се сол ба 8 миллиард сомонӣ бояд расонида шавад.
 
 

Февраль 2, 2015 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр метавон интернети хонагиро бо нархи муфид пайваст намуд
Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Вобаста ба фаъолияти китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир ҳамоиш баргузор шуд
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба сарбозон 1000 китоб тақдим намуд
Дар Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нӯшоба аз хуч ва чой бо таъми шафтолу истеҳсол мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
Африқои Ҷанубӣ бо бузургтарин қатъи неруи барқ дучор шудааст
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Кӯлоб даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
Ёрии ҳамаҷонибаи дастаи мутахассисони Acıbadem ҳангоми бемориҳои гуногуни асаб
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Норак фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид