Суғд: Бунёди 170 корхона дар вилоят дар соли 2015
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Соли 2014 дар маҷмӯъ барои соҳаи саноати минтақаи Суғд бобарор буд», мегӯяд, муовини раиси вилоят Хайрулло Амонулло. Тибқи иттилои Х. Амонулло дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят ба 3,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки 846 млн. сомонӣ нисбат ба соли 2013 зиёд мебошад. Агар дар соли 2013 суръати рушди саноат ба 110,5 дарсад расида бошад, пас соли гузашта ин рақам ба 130,7 фисад баробар шуд. Ҳиссаи вилояти Суғд дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ бештар гардида, ба 35,9 дарсад баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2013 6,8 фоиз зиёд мебошад.
Ин нукта дар машварати корие, ки таҳти раёсати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноат 30 январ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар машварат таъкид гардид, ки баробари пешравиҳо камбудиҳо низ дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба назар мерасанд. Қисме аз корхонаҳо уҳдадории истеҳсолии хешро пурра таъмин карда натавонистанд. Агарчанде ки суръати афзоиш мувофиқи вилоят 130 дарсад таъмин гардидааст, аммо дар бархе шаҳру навоҳӣ пастравии истеҳсолии корхонаҳо аз 8,1 то 29 фоиз ба назар мерасад.
Аз ҷумла, шаҳру навоҳии Конибодом, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ саҳми худро дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят кам кардаанд. Дар маҷмӯъ, 121 корхона дар шаҳру навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Конибодом, Қайроққум, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов соли 2014 — ро бо ақибмонӣ ҷамъбаст намудаанд, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 124,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардидааст. Шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Конибодом, Спитамен ва Чкалову Ҷаббор Расулов нақшаи бунёди корхонаҳои навро пурра таъмин карда натавонистаанд.
Дар машварат таъкид гардид, ки агар соли гузашта 164 корхонаи нав таъсис ёфта бошад, имсол бунёди 170 корхонаи дигар дар вилоят ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси нақшаву дурнамо соли равон ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят ба 5 миллиард сомонӣ ва дар давоми се сол ба 8 миллиард сомонӣ бояд расонида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






