Суғд: кумак ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ

Февраль 16, 2015 14:04

Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Қарори навбатии раиси вилояти Суғд «Дар бораи таъмин намудани иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ» аз 12 феврали соли 2015 ба тасвиб расид.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, тибқи ин қарор Раёсати тандурустии вилоят муваззаф гардидааст, ки бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони бо онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ моҳе 5000 сомонӣ ва дар давоми сол 60 000 сомонӣ ҷудо намояд.
Ҳамчунин раисони шаҳру навоҳӣ низ вазифадор гардидаанд, ки барои таъмини иштирокчиён ва маъюбон бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ тадбирҳои мушаххасро андешанд.
 
 
 

Февраль 16, 2015 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд