Суғд: Кумак ба кӯдакони маъюб

Февраль 17, 2015 11:12

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят қарори навбатии раиси вилояти Суғд «Дар бораи таъмин намудани кӯдакони то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо» ба тасвиб расид.
Гуфта мешавад, ки ин қарор бо мақсади беҳтар намудани таъминоти кӯдакони то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ба тасвиб расида, тибқи он Раёсати тандурустии вилоят муваззаф гардидааст, ки барои таъмини кӯдакони то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.
Ҳамчунин раисони шаҳру навоҳӣ низ вазифадор мегарданд, ки барои анҷоми ин кор маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
 
 
 

Февраль 17, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд