Суғд: Мактаби варзишии махсус оид ба камонварӣ
Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии махсуси бачагону наврасон оид ба камонварӣ» — и вилоят таъсис дода мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин бора Қарори раиси вилояти Суғд аз 29 январи соли 2015 ба тасвиб расида, мақсади он мукаммал ва баланд бардоштани сатҳ, малакаю маҳорати камонварӣ инчунин омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногун мебошад.
Муассиси мактаб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аст ва он чун муассисаи варзишӣ таҳсилоти иловагии таълимӣ буда, сиёсати давлатро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавияти камонвариро дар вилоят тарғибу ташвиқ менамояд.
Мактаб варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, Бозиҳои олимпии наврасон, Универсиадаи донишҷӯён, Бозиҳои параолимпӣ, сурдоолимпӣ, осиёгӣ ва байналмилалии бонуфуз омода месозад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






