Суғд: муаррифии раисони нав аз ҷониби А.Қодирӣ
Хуҷанд, 06.02.2015. (АМИТ Ховар, Абдуҳад Шарифзода).-Дирӯз дар вилояти Суғд роҳбарони навтаъйини чор шаҳру навоҳӣ муаррифӣ гардиданд. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз маркази матбуоти роҳбари вилоят иттилоъ доданд, мутобиқ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли ҷорӣ дар вазифаи роҳбарии чор шаҳру навоҳии вилояти Суғд тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Тибқи фармони мазкур Наим Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Умар Ёқубзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон, Рустамбой Ҷӯраев — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончӣ ва Ислом Шафиев — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъйин гардид.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дирӯз чор нафар раиси навтаъйини шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Ғончиро ба фаъолони ин шаҳру ноҳияҳо муаррифӣ намуда, ба онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои пурмасъул комёбӣ таманно намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






