Суғд: Навсозии оромгоҳи Нақибхон Туғрал
Хуҷанд, 09.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Соли равон дар ҳудуди кишвар 150 — солагии яке аз сухнаварони мумтози адабиёти тоҷик, шоир Нақибхон Туғрал таҷлил мешавад. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд иттилоъ доданд, тибқи дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли равон оромгоҳ, нимпайкара ва хона-музеи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ таъмиру таҷдид мешавад.
Ба гуфти манбаъ, тамоми корҳои таъмир аз ҳисоби маблағҳои мақомоти вилоятӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки Нақибхон Туғрал шоир ва аз суханварони мумтози адабиёти тоҷик буда, дар охири асри 19 ва оғози асри 20 зинадагӣ кардааст. Айёми кӯдакиву наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш гузаштааст ва ӯ минбаъд бо нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адабӣ дар Самарқанду Бухоро таҳсили илм менамояд. Дар айни ҳол, хона — музеи шоир дар ҳавлии худи шоир қомат афрохта, ба хотири гиромидошти ин шоири ширинкаломи тоҷик дар деҳаи Зосуни ноҳияи мазкур мактаби миёнаи №8 ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






