Суғд: Озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сипар»
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Бо мақсади тарбияи хонандагон дар руҳияи мардонагию ҷасорат, омодагӣ ба хизмати Ватан-модар дар пояи Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Суғд озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сипар» бо иштироки 20 даста аз 15 шаҳру ноҳияи вилоят байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, хонандагон дар бахшҳои ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи Калашников, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, машқҳои сафороӣ ва тирпарронӣ қувваозмоӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки аз рӯи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони ноҳияи Б.Ғафуров ҷойи якум, шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюм ва ноҳияи Мастчоҳ ҷойи сеюмро ишғол намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






