Суқути ҳавопаймои амрикоӣ

Февраль 13, 2015 13:43

Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Роҳбари вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар нишасти хабарӣ ба ҳукуматдорони кишвараш барои дар  як силсила минтақаҳои вилоят қарор доштани силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» хабар дод. Тибқи иттилои расида, дар Дашти Арчи ва Чордара қариб 70 нафар силоҳбадасти «Давлати исломӣ» мустақар гардидааст. 
    Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си-дар қисми ҷанубу ғарбии Кения бар асари хурӯҷи бемории вабо 7 нафар ба ҳалокат расида, 80 нафари  дигар бистарӣ гардид. Ба гуфти  мутахассисони  соҳаи тибб вазъи саломатии аксари шахсони сироятёфта вазнин мебошад. Ҳукуматдорони кишвар аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ва сокинони кишвар даъват намуданд, ки барои пешгирӣ намудани ин бемории марговар тамоми қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.
    Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар наздикии шаҳри Майамии штати Флоридаи Амрико як ҳавопаймо «Бичкрафт 1900» суқут карда, дар ҷои ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо аз фурудгоҳи Кендал ба ҷазираи Теркс ва Кайкос парвоз анҷом медод. Мутахассисон сабабҳои ба фалокат дучор шудани ҳавопайморо дар пайдо шудани нуқси техникӣ нишон медиҳанд. 
    Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии қисми шимолии Нигерия, ки бо Камерун ҳамсарҳад мебошад, ҷангиёни гурӯҳи «Боко Ҳарам» ба автобуси ҳомили духтарон ҳамла намуда, 30 нафар духтарро маҳкум намуданд. Ҳукуматдорони Нигерия ин амали зишти силоҳбадастонро қотеъона меноманд.Бояд гуфт, ки  26-уми июли соли 2014  силоҳбадастони гурӯҳи «Боко Ҳарам» аз дохили мактаби духтаронаи шаҳри Чибокии штати Борнои Нигерия 300 толибилмро ба асорат гирифт.         
   Душанбе,13.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Ту-Дей ҷониби Юнон ва гурӯҳи аврупоӣ зимни вохӯрии навбатӣ дар мавриди иҷрои барномаи расонидани кумаки молиявӣ ба Юнон ягон хулосаи аниқ бароварда натавонистанд. Гуфтан ба маврид аст, ки гуфтушуниди навбатии ҷонибҳо 16-уми феврали соли ҷорӣ доир мегардад.
 

Февраль 13, 2015 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!