Суботу рушди ояндаи кишвар ба интихобот вобаста аст
Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Сохти давлатдории демократӣ маъракаи сиёсии муҳимеро бо номи интихобот пешбинӣ кардааст. Интихобот чорабинии сиёсие мебошад, ки дар он мешавад нақши мардумро дар ташкили ҳукумат андоза кард. Аз чӣ гуна баргузор шудани интихоботҳо дар кишвар суботу рушди ояндаи кишвар вобастагии зиёд дорад. Дар кишварҳое, ки мардум фарҳанги сиёсии кофӣ ва дарку фаҳми воқеии равандҳои сиёсиро надоранд, интихобот заминларзаеро мемонад, ки пас аз худ нооромию харобиҳо ба бор меоварад.
Кишвари азизу тозаистиқлоли мо низ чанде аз ҳамин гуна заминларзаҳоро паси сар кардааст. Инак моҳи марти соли ҷорӣ моро интихоботи парлумонӣ интизор аст.
Бояд зикр кард, ки ин интихобот бо назардошти вазъи имрӯзаи минтақа ва чаҳон аз интихоботҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Равандҳои сиёсии кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба вазъияти Ватани мо таъсири бевосита доранд. Яъне, ҳукумат ва гурӯҳҳои сиёсии кишварро мебояд ҳангоми баргузории интихобот аз эҳтиёти комил кор гиранду нофаҳмиҳои тарафайн танҳову танҳо бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ҳалли худро ёбанд. Якчанд омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба вазъияти Тоҷикистон таъсири манфии худро расонанд. Аз ҷумла, вазъи мураккаби имрӯзаи кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи Афғонистон, ки ба фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вобаста аст. Хориҷ гардидани неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон вазъиятро боз ҳам бадтар месозад. Ҷангиёни ҳаракати Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ, ки дар сафҳояшон шаҳрвандони кишварҳои собиқи Шӯравӣ мавҷуданд, якчанд минтақаҳои ҳаммарз бо Точикистонро тасарруф кардаанд, ки ҳолати мазкур ба амнияти Тоҷикистон таҳдид дорад.
Вазъи сиёсию иктисодии имрӯзаи Русия низ мураккаб гардида, шароити зиндагию кори муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистониро мушкил гардонидааст. Ифротгароии динӣ, хурофотпарастӣ ва маҳалгароӣ низ аз омилҳое ҳастанд, ки ба раванди инкишофи дурусти давлати мо монеа эҷод месозанд. Аз ин рӯ, дар пешорӯи интихоботи парлумонии Тоҷикистон тамоми гурӯҳҳои сиёсиро мебояд фазои суботу ороми кишварро ҳамчун гавҳараки чашм нигох доранду сулҳи бо заҳматҳои зиёд ба даст омадаро ҳифз намоянд.
Вазъи ноороми баъзе кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Сурияву Ирок, Мисру Тунис ва Украина аз интихобот шурӯъ шуда, дар натиҷаи мухолифату нофаҳмиҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои ифротӣ садҳо ҳазор нафар кушта ва бе хонаву дар гаштаанд. Озодӣ, рушду пешрафт танҳо дар кишваре давом меёбад, ки дар он ҷо сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ барқарор бошад.
Пас, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанпарвару миллатдӯст ва солимфикр дар рӯзи интихобот ба тарафдории сохти конститутсионӣ, сулҳу созандагӣ ва тараққиёт овоз додан аст!
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






