Тағйироти кадрӣ дар Суғд
Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум тағйироти кадрӣ ба амал омад. Каромат Қосимова бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси шаҳр озод ва ба ҷойи ӯ Ғайратҷон Оқилов ба ин мансаб таъйин гардид. Равшан Ахмедов роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъйин шуд.
Маҳбуба Шодиева ва Манучеҳр Шарипов муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи иқтисод ва савдо ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъйин гардиданд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ тағироти кадрӣ ба амал омад.
Маъруф Ҳакимзода, роҳбари дастгоҳи пешин ҳамакнун раиси ҷамоати Хистеварз таъйин гардида, ба ҷои ӯ Ғайратҷон Гадойбоев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳ таъйин гардид.
Ҳамчунин Акбар Юсуфов, собиқ директори мактаби рақами 26 — и ноҳия раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов ва Ҷалолиддин Мирзоев раиси ҷамоати Исфисор таъйин шудаанд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






