Тағйиру иловаҳо ба қонуни сирри давлатӣ

Февраль 11, 2015 08:54

    Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони  кишвар дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»,  „Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» ва „Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ“  тағийру иловаҳо ворид намоянд. 
Ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. 
Инчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ширкати  «Huaxin  Cement  Co., LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», Мактуб-созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» аз сӯи вакилони Парлумон тасдиқ хоҳанд шуд.

Февраль 11, 2015 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад