Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Аврупо
Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо роҳбари идораи Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Тойво Клаар мулоқот кард.
Тавре ки таъкид гардид, Иттиҳоди Аврупо дар муносибатҳои байналмилалӣ аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои он пайваста рў ба болоравӣ дорад.
Ҷонибҳо доир ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шуморашон наздик ба шаст адад мерасад, табодули афкор карда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда барои таҳкиму тақвияти робитаҳои байниҳамдигарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






