Таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону БОР
Душанбе, 09.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Масоили рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд имрўз дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си Си Ю баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки Бонки осиёии рушд аз ҷумлаи шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар соли 2015 барномаи кумаки ин бонк ба Тоҷикистон асосан барои дастгирӣ ва беҳдошти вазъи бахши хусусӣ, роҳҳои оҳан, захираҳои обӣ ва фазои сармоягузорӣ равона мешавад.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба «Стратегияи нави панҷсолаи шарикии Бонки осиёии рушд бо Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» , ки дар ҳоли таҳия қарор дорад, табодули афкор намуданд. Татбиқи стратегияи мазкур тибқи нақша соли 2016 дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






