Таҷҳизоти нав ба Маркази милли тиббӣ

Февраль 17, 2015 10:49

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар доираи ҳамкориҳои судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба Маркази миллии тиббӣ якчанд таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас  шуд, ки маблағи умумии он 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маросими супоридани ин таҷҳизот ба марказ кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон-гу зикр намуд, ки аз соли 1992 инҷониб ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, имрӯзҳо ба таври густурда идома доранд. Дар доираи ин ҳамкориҳо соли гузашта ба 9 нафар кӯдаки ноҳияи Ҳисор ҷарроҳии чашм бомуваффақият гузаронида шуд.
“Чун Маркази миллии тиббӣ калонтарин марказ дар кишвар аст, мо қарор додем, то таҷҳизотро ба ин марказ диҳем, зеро ба ин ҷо мардум бештар муроҷиат мекунанд ва таҷҳизот дар ин ҷо бамаротиб самаранок хоҳад буд. Бисёр мехостам ин таҷҳизот ба мардуми камбизоату ниёзманд хизмат кунад»,- илова намуд Ён Ҷон-Гу.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов арз дошт, ки таҷҳизоти мазкур барои ташхиси ниёзмандону табақаи камбизоати аҳолӣ ва расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ истифода хоҳад шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд. 

Февраль 17, 2015 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд