Таҷҳизоти нав барои Сарраёсати геология
Душанбе, 03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҳафтаи гузашта дар ҷараёни мулоқоти геологҳои Тоҷикистону Финляндия масоили харидории таҷҳизоти геофизикии «МЕРИ -24» барои анҷом додани корҳои муҳандисию геофизикӣ ва дастгоҳи «АСТРА — 100» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки бояд вазъи обҳои зеризаминӣ таҳқиқ намуда, феҳрасти чоҳу корезҳо тартиб дода шавад.
Зимни мулоқот масъалаи анҷом додани тадқиқоти сеҷонибаи геофизикии миёни геофизикҳои Афғонистон, хадамоти геологии Финляндия ва Тоҷикистон мутобиқи шартномае, ки моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Истамбули Туркия имзо шуда буд, баррасӣ шуданд.
Намояндаи хадамоти геологии Финляндия Юкка Мултала зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани барномаҳои компютерии GIS ва ARGIS барои таҳияи харитаҳои электронӣ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда мешаванд. Мавсуф изҳор дошт, ки ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат барои омӯхтани забони англисӣ низ дар назар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






