Табиби ҳозиқу ғамхору мушфиқ
Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ «Ховар»). -Соҳаи иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат буда, ба он диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, тайи солҳои охир бо ташаббуси Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурустӣ рӯ ба руш ниҳода, сол то сол хизматрасонии соҳа рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки рафтори табибон, сатҳи хизматрасонии эшон ба аҳолӣ, кӯмакҳои иҷтимоии тиббӣ, дастгирии тиббии ниёзмандон ва амсоли инҳо томоюли болоравӣ дошта, ба солимии аҳолии мамлакат диққати махсус зоҳир мешавад. Банда бо амри тақдир бемор шуда, корам ба Беморхонаи рақами 1-и пойтахт афтод. Ростӣ, аввал аз рафтори табибони ин даргоҳ дар ҳайрат будам, боварам намеомад, ки кормандони ин беморхона ин қадар ҳалиму мушвиқ ва ғамхори мардум ҳастанд.
Бахусус муовини сардухтур дар бахши комиссияи машваратии тиби Беморхонаи №1 шаҳри Душанбе Давлатёр Одинаев дар бисёр масъалаҳо ба манн ёрии машваратӣ намуданд. Он касс тайи 22 сол мешавад, ки бо касби духтурӣ фаъолият намуда, ба ниёзмандон ёрии машваратӣ ва амалӣ менамояд. Дар рафти табобат дар ин беморхона маълумам шуд, ки Д. Одинаев ба бисёр оилаҳои ниёзманд ҳам дар масъалаи таъмини доруҳои ройгон, ҳам табобати онҳо ва ҳам машваратҳои зарурӣ кӯмакҳо намудааст. Ӯ бо ҳама ашхоси муроҷиаткунанда муомилаи хуш дошта, ҳамеша меқушад, ки ба дарди ҳар дардманд шифо бахшад, ба онҳо кӯмак расонад, ҳалли мушкилоташонро бароварда гардонад.
Ростӣ, шояд чунин ашхос дар дигар муассисаҳои тандурустии кишвар низ зиёданд, вале на ҳама ниёзмандон аз эшон воқифанду аз лутфу марҳаматашон бархурдоранд.
Духтуре, ки дар ин беморхона маро табобат намуд духтури оилавӣ Роҳат Қаюмова буд. Ӯ аз соли 2006 инҷониб дар ин соҳа фаъолият намуда, дар оғоз кӯдаконро табобат менамуд ва ҳоло табиби оилавӣ аст. Роҳат ҳам мисли дигар кормандони ин дармонгоҳ болутфу марҳамат, мушфиқу ғамхор буда, ҳамеша бо чеҳраи кушод ва лабони пурханда бо беморон рафтор мекунад. Вай тӯли табобат гирифтани ман дар ин муассисаи тиббӣ дар дилхоҳ масъала кӯмакҳои худро дареғ надошта, ҳамеша мегуфт: «Мо охир ворисони Синоем, рисолати мо дармон бахшидани дардмандон, кӯмак ба ниёзмандон, дастгирии муҳтоҷон аст». Аз ин бармеояд, ки ӯ касбии интихобнамудаи хешро аз таҳти дил дӯст дошта, ба қасами вориси Сино будани худ содиқ аст. Чунки дар замони имрӯза кам одамон ҳастанд, ки бидуни манфиати шахсӣ ба ниёзмандону дармондагон кӯмак мерасонанд.
Мусаллам аст, ки ин ҳама дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумату Давлати Тоҷикистон амалӣ мешавад ва масъули соҳа низ барои сатҳи баланди хизматрасонии масъулин диққати хос зоҳир менамоянд. Маро, ки дар ҳолати камбизоатӣ қарор дошта, табобати ройгон ва меҳрубонии табобон муяссар шуд, меҳрам ба ин давлату миллат боз ҳам бештар шуда, умед ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз бештар гашт. Кунун бод или пур эҳсос мекунам, ки Худо накунаду бемор ҳам шавам мушфиқе ҳаст дар кишвар. Охир мо ҳақиқатан ҳам ворисони асили Синои бузург ҳастем ва Худои муттаъол кунад, ки ҳамеша солиму саодатманд бошем.
Хайригул Маҳмудова








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






