Тамрини «Рушди қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ» дар Душанбе

Февраль 12, 2015 15:18

Душанбе, 12.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Шуъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ва Маркази омӯзиши масоили амният ба номи Ҷорҷ Маршалл давраи омӯзиши солонаи сеюми “Рушди қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ”-ро аз 9 то 11 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гузаронданд. 
Дар давраи омӯзишӣ соли равон мутахассисони соҳаи амалиёти сулҳҷӯена аз ИМА, Олмон, Муғулистон ва Қазоқистон масъалаҳои стратегии сатҳи миллиро оид ба рушд, омӯзиш ва ҷойгиршавии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳайати қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ матраҳ намуданд. Намояндагони Қазоқистон ва Муғулистон таҷрибаи худро дар такмили фаъолияти сулҳҷӯёна, ҷанбаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи иштироки амалӣ дар амалиёти сулҳҷӯёнаи СММ ва амалиёти коалитсионӣ ҷиҳати собитгардонӣ муҳокима карданд.
Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи «Ташаббуси ҷаҳонии амалиёти сулҳҷӯёна» (GPOI) аз соли 2007 ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтидори сулҳҷӯёна кумак мерасонад. Дар чорчӯбаи барномаи мазкур гуфта мешавад, ки Тоҷикистон соли 2010 баталйони сулҳҷӯёнаро таъсис дода, бо ёрии Амрико ҷузъҳои баталйони сулҳҷӯёна аз соли 2012 дар як зумра машқҳои омӯзишии сулҳҷӯёна дар Муғулистон, Непал, Қазоқистон, Олмон ва ИМА иштирок карданд. Шарокати пойдори ИМА ва Тоҷикистон дар доираи GPOI ба 6,6 миллиони доллари ИМА баробар буда, ба гузарондани омӯзишу машқҳо, таъмини таҷҳизот, тармими истиқоматгоҳ ва такмили шароитҳои омӯзишу тайёрӣ равона шудааст.
Шуъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти амнияти Тоҷикистон давраҳои омӯзишии мухталиф, таъмини таҷҳизот ва дигар фаъолияти шарикӣ, аз ҷумла дар арсаи мубориза зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, амнияти сарҳад, фаъолияти сулҳҷӯёнаи СММ, кумаки башардӯстона, безарарсозии минаҳоро татбиқ карда, ҳар сол тахминан 80 чорабиниро дар Тоҷикистон ва ИМА мегузаронад. 
 
 

Февраль 12, 2015 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!