Таркиши шадид дар назди қароргоҳи Президенти Сомали

Февраль 28, 2015 10:48

  Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои  кормандони мақомоти полиси  шаҳри Могадишои Сомали дар наздикии  қароргоҳи президенти кишвар  ва яке аз боғҳои фарҳангӣ таркиши сахт ба амал омада, дар ҷой ҳодиса   4 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни  ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Тибқи иттилои расида, ҷинояткорони номаълум автомобили боркаши ҳомили муҳимоти таркандаро мунфаҷир намудаанд. То ҳол масъулияти ин ҳодисаро ягон шахс ё гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
 
   Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре, ки шабакаи интернетии Ҳамшаҳри-Ком менависад дирӯз дар қисми шимолу шарқии Сурия силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» беш аз 100 нафар сокинони осоиштаро ба қатл расонидаанд. Гуфта мешавад, ки дар байни онҳо занон ҳам будаанд. Ҷоизи қайд аст, ки чанде қабл ифротгароёни «Давлати исломӣ» беш аз 300 нафарро аз Сурия рабуда буданд ва то ҳол дар бораи онҳо хабаре нест.
 
 Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре,ки намояндагони Ассотсиатсияи иттифоқҳои касабаи Аврупову Амрико мегӯянд, дар соли ҷорӣ ширкати «Макдоналдс» аз пардохти андоз сарпечӣ менамояд. Ба гуфти онҳо дар сурати напардохтани маблағи андоз ширкати «Макдоналдс»-ро ҷаримаи калон интизор аст. Бояд гуфт, ки ширкати «Макдоналдс» ширкатест, ки  барои ғизои тезтайёр ташкил шуда, дар давлатҳои Аврупову Амрико фаъолият мебарад. 
 
  Душанбе,28.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони қудратии  Испания 8 нафарро бо гумони иштирок доштан дар муҳорибаҳои қисми шарқии Украина боздошт намудаанд. Мувофиқи иттилои расида, дастгиршудагон аъзои гурӯҳҳои чапгаро буда, аз тарафи ҷудоихоҳон ба зидди неруҳои қудратии Украина меҷангиданд. Ба гуфти кормандони қудратии кишвар амалиёт оид ба боздошти дигар гумонбарон то ҳол  идома дорад.

Февраль 28, 2015 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд