«Тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ»-машварат

Февраль 9, 2015 09:03

Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи чорабиниҳои якҷояи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки корфармоён ва намояндагони иттифоқҳои касабаи ноҳия дар мавзӯи «Муносибатҳои меҳнатӣ ва тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ» машварат гузаронида шуд.
Дар машварат миёни корфармоён ва мутахассисони соҳа доир ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи Иттифоки касаба» саволу ҷавоб доир гардида, корфармоён оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, тартиби пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр шуд, ки дар ин давра тибқи ҳисобот аз шумораи умумии корхонаҳо дар 2328 ададаш ташкилоти иттифоқи касаба ташкил шуда, шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонида шудаанд.
Тибқи нақша ин гуна чорабиниҳо аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истаравшан, Ғончӣ ва Истиқлол доир шуда, то ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2015 дар боқимондаи шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешаванд.
 
 
 

Февраль 9, 2015 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад