Ташхиси тиббии ройгон барои мардуми ниёзманд
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо ибтикори маъмурияти беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ва маркази кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа гурӯҳе аз табибон ба маҳаллаҳои маркази маъмурии вилоят рафта, мардуми ниёзмандро ройгон аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд.
Тавре ки сарпизишки беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, Алиҷон Нуралиев иттилоъ дод, моҳи феврал дар маҳаллаҳои Хатлон, Кайҳоннавардон, Ҳоҷӣ Шариф, Борбад, Ҳаёти нав ва Ваҳдати шаҳри Қӯрғонтеппа зиёда аз 3700 нафар шаҳрванд аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуд.
А. Нуралиев илова намуд, ки то ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2015 ҷавобан ба Паёми навбатии Президенти кишвар сокинони беш аз 30 маҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа аз ташхиси тиббӣ гузашта, барои табобат аз ҷониби пизишкони собиқадору кордон тавсияҳои касбӣ дода мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






