Ташкили 1000 га боғи нав дар Сомғор
Хуҷанд, 26.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Кишоварзони вилояти Суғд соли равон нақша доранд дар майдони 1951 гектар боғу токзори нав бунёд намоянд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” сармутахассиси идораи кишоварзии вилоят Неъмат Тоҷибоев иттилоъ дод, аз масоҳати умумии нақшаи ташкили боғу токзори нав 980 га дар минтақаи Сомғор, 315 га дар ноҳияи Ашт, 220 га дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 105 га дар ноҳияи Истаравшан ва 85 га дар ноҳияи Панҷакент ҷойгир хоҳад шуд. Дар боғзори нав асосан дарахтони зардолу, шафтолу, олу ва бодом шинонида мешаванд. Аз оғози тирамоҳ то ҳозир дар майдони 261 га боғ ва дар 10 га токзор ташкил шудааст.
Дар микёси вилоят мувофиқ ба “Барномаи бунёди боғу токзори нав” дар давоми 5 соли охир дар майдони 20 388 га боғу токзори нав ташкил шудаанд, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 4277 га, ноҳияи Б. Ғафуров 3433 га, Конибодом-2070 га, Ҷ.Расулов-1958 га ва дар ноҳияи Спитамен дар майдони 1641 гектар.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






