Ташкили 40 ҳавза ва 64 участкаи интихоботӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 05.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-То замони баргузории интихоботи парлумонии кишвар камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Алъон дар ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ дар тамоми миқёси кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин маърака бомаром идома доранд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” раиси Комиссияи интихоботии шаҳри Хуҷанд Акрам Аслонов иттилоъ дод, баҳри баргузории интихоботи Парлумони кишвар, дар шаҳри Хуҷанд 40 ҳавза ва 64 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки алъон ҳамаи онон фаъолияти пурра доранд.
То имрӯз ба ҳар ҳавзаву участкаи интихоботӣ маводи дастурдиҳӣ таксим шуда, бо иштироки кормандони ҳавзаву участкаҳо машваратҳо гузаронида шуданд.
Мувофиқ ба маълумоти А.Аслонов, ҳоло бақайдгириии номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқии шаҳрӣ ҷараён дошта, он то 9 феврал идома мекунад. Пасон, шурӯъ аз 9 феврал дар маҳаллаҳо вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон доир мегардад.
Дар шаҳри Хуҷанд 98 ҳазору 720 нафар интихобкунанда ба ҳисоб гирифта шуда, ба рӯйхатгирии интихобкунандагон аз тарафи масъулини ҳавзаву участкаҳо идома дорад.
Хотиррасон мекунем, ки интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2015 баргузор хоҳад гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






