Ташкили боғоти нав дар майдони зиёда аз 200 га
Бобоҷон Ғафуров, 16.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, соли равон дар миқёси ноҳия дар майдони зиёда аз 200 га ташкили боғҳои нав ва токзор ба нақша гирифта шудааст. Аз аввали соли равон дар майдони 60 га барои бунёди боғоти зардолу ва 15 га токзор корҳо авҷ доранд. Дар ин раванд чанде пеш дар минтақаи Сумчак-3 дар майдони 1 гектар зиёда аз 400 бех дарахти мевадиҳанда шинонида шудааст. Инчунин дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ оғози моҳи равон тақрибан 1000 бех сафедор шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ноҳия тибқи “Барономаи давлати оид ба бунёди боғҳои нав ва токзор” дар майдони 450 га боғот ташкил шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






