Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 27.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бо сафари корӣ муовини аввали вазири мудофиаи Федератсияи Русия Аркадий Бахин ба Душанбе ташриф овард.
Тавре ки аз Вазорати корҳоии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 26 феврал ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил С.Н. Лебедев ба ҳайси роҳбари нозирони ИДМ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омад.
Инчунин 28 феврал — 3 марти соли 2015 ҳайати вакилони Парлумони Аврупо ба ҳайси нозирони интихоботи парлумонӣ ва ҳайати нозирон аз Созмони ҳамкории Шанхай дар интихоботи парлумонӣ бо роҳбарии муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай С. Имандосов ба Душанбе меоянд.
Дар назар аст, ки 3-4 марти соли 2015 сафари кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими шаҳри Маскав) Пол Майлер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






