Таъсиси ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ барои кӯдакон

Февраль 26, 2015 15:23

Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- То интиҳои нимсолаи якуми соли равон дар тамоми марказҳои тиббии шаҳри Хуҷанд ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ барои кӯдакон фаъол мешаванд. Ин иқдом дар асоси дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ хоҳад шуд. 
Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Абдусалом Ваҳҳобов бо мақсади шиносоӣ аз марказҳои саломатии шаҳр дидан намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба кормандону табибон таъкид намуд, ки маҳз соли равон мушкилоти чандсолаи онҳо-таъмири куллии боми бинои Маркази саломатии №5 ҳалли худро ёфтааст. Бо ин мақсад аз ҳисоби Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гашта, дар нимаи аввали соли равон корҳои таъмири бино ба анҷом расонда мешаванд.
Р. Аҳмадзода ба роҳбарияти марказ супориш дод, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити корӣ, ороиши толор ва долонҳои ин муассисаи тиббӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин бо мақсади сари вақт расондани кумаки фаврии тиббӣ ба сокинони маҳаллаҳои ба номи Темурмалик ва Мевағул дар як қисми бино ташкили маркази тиббии «Ёрии таъҷилӣ» ба нақша гирифта шудааст. Баъди шиносоӣ бо макони пешбинишуда масъулини соҳаи тандурустӣ вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барои ташкили маркази «Ёрии таъҷилӣ» тамоми шароитҳои лозимиро таъмин намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид аз ҳуҷраи кории муолиҷаи дандони кӯдакон дидан намуда, ба фаъолияти корӣ ва таҷхизоти тиббии он таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
«Дар баробари фаъолияти зиёда аз 20 муассисаи тиббии шахсӣ, ки дар шаҳр амал мекунад, бояд дараҷаи дармонгоҳ ва марказҳои тиббии давлатӣ низ ба меъёрҳои имрӯзаи хизматрасонӣ ҷавобгӯ бошанд»,-илова намуд Р. Аҳмадзода.
 
 
 

Февраль 26, 2015 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид